БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЗАХИРАИ МАВОДИ ОЗУҚАВОРӢ ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  бо усули “хона ба хона” ҷиҳати ба аҳолӣ фаҳмонидани  истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва пешгирии бемории коронавирус кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ноҳияи Хуросон дар деҳаи  Фахробод  вохӯрӣ гузарониданд.  

Дар рафти вохӯриҳо масъулин зимнан ба сокинон муроҷиатномаи ҳизбӣ ва тавсияномаҳоро оид ба  пешгирии бемории сироятии коронавирус  тақсимот карда, таъкид доштанд, ки риояи қоидаҳои гигешани шахсӣӣ ва беҳдоштӣ дар хонадон барои ҳар як шахс дар ин давраи ҳассос  ҳатмӣ ва зарур мебошад. Агар мо  бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ба талаботи  қоидаҳои беҳдоштӣ қатъиян риоя намоем, метавонем бе ягон мушкилӣ аз  сироятёбӣ аз ин бемории хавфнок раҳоӣ меёбем.

Инчунин, дар ин раванд намояндагони ҳизбӣ вобаста ба ҷоннок кардани корҳои хоҷагидорию кимшоварзӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад,  фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта,  аз ҳамагон барои ба даст овардани ҳосили  фаровон барои захира дар фасли сармо  даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg