
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз суҳбатҳои хона ба хонае, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати таъсири хавфноки бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирии он дар деҳаи Шехмизони 1 - и Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт гузарониданд, бештар аз 73 нафар сокинон дар бораи чӣ тавр ҳифз намудани саломатии худ ва дигарон маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.
Ба иштирокдорони суҳбатҳо фаҳмонида шуд, ки нодида гирифтани ин беморӣ ва риоя никардани талаботи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Аз ин рӯ, дар ҳама ҳолат шахс бояд тавсияи мутахассисонро ба таври ҷиддӣ ба эътибор бигирад.
Дар ин ҳолат саломатии худ ва дигарон пеш аз ҳама, аҳли оилаи худро таъмин карда метавонад.