БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018 - 2028”. ҲАР ҚАТРАИ ОБ БОЯД БА ҲИСОБ БОШАД

АНДЕША. Сол то сол шумораи аҳолии кураи замин,  корхонаҳои истеҳсолӣ  ва  заминҳои обёришаванда  зиёд  мегардад. Ин ҳолат боиси норасоии об ва махсусан оби ошомиданӣ дар рӯи олам шудааст. Дар баъзе кишварҳо аз камчинии об ва истифодаи обҳои ифлос шумораи зиёди одамон ба ҳалокат мерасанд.  Масъалаи дастрасӣ  ба об ба низоъҳои байни давлатҳои абарқудрат табдил ёфтааст.

Оид ба ҳалли ин масъалаи мубрами рӯз давлати Тоҷикистон ва Президенти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи чанд даҳсола аст, ки  иқдомҳои шоиста менамоянд, ки  аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона дастгирӣ меёбад.

Ба хотири идораи дурусту оқилонаи захираҳои обӣ ва бартараф намудани мушкилоти рӯзафзуни ҷаҳонии об  бо иқдоми башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор , солҳои 2018 – 2028” эълон гардид.

Ин пешниҳод ба манфиати тамоми мардуми ҷаҳон буда, бори дигар дурандешӣ, ҳисси баланди инсондӯстии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад.

Даҳсолаи мазкур тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид барои таҳкими ҳамкорӣ, ҷалби таваҷҷуҳи башар ба мудирияти самарабахши захираҳои об ва андешидани чораҳои ҳалкунандаи масъалаи норасоии об мусоидат намуда, хавфи норасоии обро барои ояндаи тӯлонӣ пешгирӣ мекунад.

Азбаски Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли масоили об пешсафу ташаббускор аст, мо сокинони кишварро мебояд, ки дар масъалаи истифодаи самараноки об намунаи ибрат бошем. Ба ибораи халқӣ  ҳар қатра об дар мо бояд ба ҳисоб бошад.

Дигар масъалае, ки мо бояд ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем, тозаю озода нигоҳ доштани чашма, ҷӯю  дарёю  кӯлҳо ва дигар обҳои равон  мебошад.  Дар чунин сурат ҷаҳониён аз мо ибрат мегиранд ва қадр намудани об -  манбаи ҳаётро аз мо меомӯзанд.

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg