БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД - БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ШАҲРВАНДОН АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон аз бемориҳои сироятӣ ва самараноку оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо усули “хона ба хона” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони кӯчаи  ба номи Фирӯз Раҳматови Ҷамоати шаҳраки Москва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ бо сокинон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус суҳбат гузаронида, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи заминро таъкид доштанд. Инчунин, дар идома қайд карда шуд, ки сокинон бояд заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсиро хуб истифода намоянд ва кишти такрориро боз ҳам равнақ диҳанд, то ин, ки ҳосили хуб ба даст биоранд.

Чунин чорабинии судманд бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони Ҷамоати шаҳрак Набиев Ҷамолиддин гузаронида шуда, дар вохӯриҳо бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус варақаҳои тавсиявӣ тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg