БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МАҲАЛ ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати беҳтар кардани корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар самти риояи беҳдошти санитарӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо сокинони ташкилоти ибтидоии “Қодир Зоидов” бо усули “хона ба хона” мулоқоту вохӯриҳо суҳбатҳо доир карда шуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дастурҳои аввалиндараҷа гигиенаи шахсӣ, талаботи ҷамъиятиро риоя карда, аз ҳар гуна сафарҳо худдорӣ намоянд. Ҳоло сироятёбии сокинон аз COVID-19 поён рафта бошад ҳам, эҳтиёткор бояд бошем. Ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоем ва ба ояндаи худ ва ояндаи насли наврас хунукназарона нанигарем, дар охир  аз ин амали нек сокинон хушнуд шуда, изҳори сипос ва миннатдорь намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg