БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАЁТИ ХУДРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав вобаста ба   омилҳои  пешгирикунандаи  бемории  сироятии  коронавирус  ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ,  заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ, истифодаи  ниқобҳои  тиббӣ   бо сокинони  деҳаи   Рӯзиободи  Ҷамоати  деҳоти    Фирӯза чорабинии ҳизбӣ баргузор  намуданд.

Масъулин дар суҳбат    роҳҳои  пешгирии бемории  коронавирусро тарғиб карда,   таъкид  намуданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  иҷро ба онҳо варақаҳои  тавсиявии Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлонро тақсим намуданд. Бо  мақсади  пешгирии бемории коронавирус барои безараргадонӣӣ сокинон аз  ҳисоби  Кумитаи  иҷроия як миқдор маҳлули хлордор  ва  ниқобхои тиббӣ  дастраси  сокинон  гардид. Инчунин, дар  идомаи суҳбат кишти  такрории зироатҳои  кишоварзӣ  ва  истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигию   хоҷагиҳои  деҳқонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз сокинон барои татбиқи ҳадафҳои созанда даъват ба амал оварда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg