БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19 БА СОКИНОН

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Лоиқ Шералӣ оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда, ба иштирокчиён ба миқдори 180 адад маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас намуданд.

Дар вохӯрии навбатӣ масъулин оид ба паҳн гаштани роҳҳои коронавирус ва тарзи ҷилавгирӣ аз он иброз доштанд, ки вирус тавассути роҳҳои қатрагӣ–ҳавоӣ вақти сулфидан ё атса задан, инчунин тариқи даст расондан ба бемор мегузарад. Одатан он ба масофаи 1-2 метр паҳн гашта, дар бадани инсон худро ҷой менамояд. Бо ин ҳама, коронавирус имкони дар ҳаво мондан надорад. Аммо вирус метавонад дар рӯи ашё пайдо шавад, масалан, аз оби даҳони шахси сироятёфта. Он вақт вай метавонад ба воситаи даст задан ба ҷисми инсон ворид гардад. Аз ин рӯ ҳамаи моро зарур мебояд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, худ ва дигаронро ҳифз намоем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg