БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМИ ТОҶИК ИН МАРҲИЛАИ МУШКИЛРО НИЗ БО САРИ БАЛАНД ПАСИ САР МЕКУНАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи  Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ин навбат дар кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш бо аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Гурӯҳи  корӣ дар суҳбату вохӯриҳо оид ба тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар ин самт имкон доранд, ки паҳншавии вирус ва гузариши он ба пандемия дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шавад. Мувофиқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рӯзҳои охир хурӯҷи беморӣ пайваста коҳиш ёфта, шумораи шахсони табобатёфта меафзояд. Аммо сар задани мавҷи дуюмбораи ин беморӣ дар баъзе кишварҳо моро дар канор гузошта наметавонад ва водор менамояд, ки баҳри пешгирӣ аз он ҳамаҷониба омодагӣ дошта бошем. Тавре Пешвои миллат 20-уми майи соли равон дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ таъкид намуданд: «Мардуми тоҷик ҳатто дар замони истиқлол давраҳои аз ин беморӣ вазнинтарро паси сар карданд. Дилпурона иброз медорам, ки ин марҳалаи мушкилро низ бо сари баланд сипарӣ мекунанд». Аз ин рӯ, мо бояд дар ҳамбастагӣ барои пешгирии ин беморӣ мубориза барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg