КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат!” Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю хонаҳои истиқоматии шаҳри Кӯлоб Аксияи фарогир бо усули “хона ба хона” ва “аз даст ба даст” гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории ин Аксия пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси навъи COVID – 19 мебошад.
Зимни баргузории ин чорабинӣ дар маҳаллаи ба номи Х.Нзарови шаҳри Кӯлоб шаҳрвандонро хотиррасон намуданд, ки барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ талоши пайваста намоянд. Дар ҳамин замина аз ҷониби масъулин ба аҳолӣ наздики 250 адад варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.