КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”. Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб корҳои созандагӣ ва ободонӣ бо маром идома доранд.
Бо мақсади амалисозии чунин иқдомҳои созанда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таълимӣ барои хонандагон корҳои таъмирӣ ташкил гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар рафти корҳои ободонӣ саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Борбад” назаррас мебошад.