КӮЛОБ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”. Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб бахшида ба соли нави хониш барои шароити хуби таълимӣ фароҳам овардани хонандагон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои созандагиву ободкорӣ амалӣ шуда истодаанд.
Чунин иқдоми созанда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шудааст, ки коллективи омӯзгорони ин боргоҳи маърифат дастаҷамъона бо мақсади омода намудани бинои таълимӣ бахшида ба соли нави хониш талош меварзанд.
Дар ин амали созанда метавон гуфт, ки бевосита аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Ватаншо Шамсов” саҳми арзанда доранд.