А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳунарманд аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муқаддаси Садриддин ба дӯхтани сару либосҳои занона ва ҷиҳози хонаи арӯс машғул буда, дар санъати нақшнигорӣ ҳамто надорад. Дар баробари машғул шудан ба корҳои дӯзандагӣ занону духтарони ноҳияро ба касби дӯзандагӣ ҷалб намуда, ҳунару маҳорати худро ба онҳо меомӯзонад.
Муқаддаси Садриддин маҳсули дасти худро ба фурӯш бароварда, меҳнати вай дар байни навхонадорон ва арӯсшавандаҳо қобили қабул буда, харидорӣ мегарданд. Арзиши маҳсули дастони Муқаддас мутобиқ ба шароити мардум буда, бо сифати аъло тайёр карда мешавад. Масалан як ҷуфт кӯрпачаи попурӣ аз 600 то 1000 сомонӣ, як ҷуфт кӯрпачаи қуроқӣ аз 1000 то 1500 сомонӣ, болиштҳо як донааш аз 40 то 80 сомонӣ ва барои занону духтарон куртаи чакану попурӣ дӯхташуда аз 350 то 800 сомонӣ арзиш дорад.