ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои ноҳия ҷиҳати пешгирии сокинон аз вируси сироятии COVID-19 корҳои амалӣ анҷом доданд.
Гурӯҳи корӣ сокинонро дар ҷодаи ҳифзи саломатии худ ва аҳли оилаашон, ки як рукни солимии ҷомеаро ташкил менамоянд, роҳнамоӣ карданд.
Бо ҳамин мақсадҳои нек кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара корҳои фаҳмондадиҳиро ҳамарӯза дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дода истодаанд.