
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба солимии аҳолӣ ва пешгирии бемории коронавирус (COVID-19), истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин аз ҷониби шахсони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар нуқтаҳои савдои бозори ба номи Султони Кабир корҳои таблиғотӣ доир карда шуд.
Дар мулоқот масъулин ба сокинон доир ба пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ варақаҳои таблиғотиро дастрас карда, дар ин раванд оид ба роҳандозии корҳои созандагиву ободонӣ, захираи маводи хӯрока бо истифодаи заминҳои корам дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон маслиҳатҳои муфид доданд.