БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚСИМОТИ НИҚОБ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

ВОСЕЪ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои тавсия ва фаҳмонида додани муҳтавои пешгирӣ мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус дар Ҷумъабозори деҳаи Гулистон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ баргузор  намуданд.

Зимнан кормандони ҳизбӣ ба сокинон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда, таъкид намуданд, ки тибқи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ ягона роҳи наҷот аз ин бемории хавфнок риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истеъмоли ғизои солим, худдорӣ аз иштирок дар ҷойҳои серодам ва машғул шудан ба варзиш мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg