ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои бекорхобида дар деҳаи Туғайи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба сокинон ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуда, таъкид гардид, ки ба истифодаи самараноки замин, риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ба ҳар як шахс дар ин давраи ҳассоси зиндагӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, тибқи тавсияҳои табибон амал намуда, худ ва дигарон аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем.