
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбиро сармашқи кори худ намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти ҳунарҳои мардумӣ бо занони чирадасту ҳунарманд ҷоннок намуда истодааст.
Намояндагони ҳизбӣ бо якчанд занон, дар сехҳои дӯзандагӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат доир карда, оид ба масъалаҳои пешгирӣ аз сироятёбии бемории КОВИД-19, тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист, риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, тавсияҳои барои занону духтарон барои аҳамият додан ба либосҳои миллӣ ва ғайраҳо суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон масъулин таъкид сохтанд, ки ҳар яки моро зарур аст, ки то як давраи муайян дар хона бимонанд ва ба корҳои кишоварзиву хоҷагидорӣ машғул шаванд, то тавонанд дар ин давраи ҳассос баҳри беҳбуд бахшидан ба зиндагии худу аҳли хонавода кумак расонанд.