БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАКҲОИ МЕТОДӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аз 1 июл то 1 сентябри соли равон бо мақсади расонидани кумакҳои методӣ, шиносоӣ бо рафти фаъолияти ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ, ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар онҳо, зиёд намудани  сафи аъзои ҳизб, назорати ҳаракати аъзои ҳизб дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди шаҳр гурӯҳи корӣ санҷиш доир намуда истодааст.

То имрӯз гурӯҳи корӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Почтаи вилоят”, “Шоҳин”, “Осорхонаи вилоят”, “Беморхонаи пӯст”, “Тавҳидбонк” ва “Молияи вилоят” санҷишҳо гузаронида, бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ мулоқоту суҳбатҳо доир намуданд. Зимни суҳбатҳо ба масъалаи мубориза бо коронавирус диққати махсус дода шуда,  ҳангоми омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ камбудиҳои ҷузъӣ дар самти ҳуҷҷатгузорӣ ошкор гардида, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва шахсони масъули онҳо барои ҳарчӣ зудтар бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта муваззаф карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg