БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ ИН БЕМОРИИ СИРОЯТӢ ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ба роҳ монданд.

Ҳамзамон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои итилоотӣ ба сокинон дастрас карда шуда, дар рафти вохӯрӣ кормандони ҳизбӣ иброз дошта,  қайд карданд, ки ҳар як нафарро мебояд, ба гигиенаи шахсӣ диққати аввалиндараҷа диҳад то худ ва дигаронро аз сироятёбӣ аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат намояд.Ба қоидаҳои беҳдоштӣ, махсусан бо собун шустани дастон эътибори махсус додан лозим аст. Инчунин, ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои ин беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат намудан аз чораҳои асосии пешгирии коронавирус мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg