БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИҚОБИ ТИББӢ - МУҲОФИЗАТ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои беҳдоштӣ ва ҳимояи солимии аҳолӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус COVID-19, миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Бо ин мақсад, чунин иқдом бо усули “хона ба хона” дар Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус идома ёфта, зимни суҳбат мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар кайд намуд, ки риояи ҳолатҳои санитарию эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тозагию ободонӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим зимни баргузории Аксия ба сокинон маълумотҳои муфид пешниҳод намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуда, дар онҳо оид ба тарзи истифодаи ниқоб, риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодабарии маҳлулҳои антисептикӣ маълумот дода шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg