БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД...

ВОКУНИШ. Коронавирус дер ё зуд давлатҳои ҷомеаи башариро тарк хоҳад кард, аммо танҳо андешае пешорӯ хоҳад омад, ки дар рӯзҳои барои инсоният, бахусус барои мардуми мо  хеле ҳассос кӣ дар бари миллат буд. Кадом афрод дар муқобили ин бемории хатарзо ба хотири сиҳатии омма мубориза бурду кадом тоифа мардум онро ҳамчун яроқи идеологӣ ба манфиати шахсию гурӯҳӣ тарғиб кард! 

Маълум аст, ки бо вуҷуди паёмадҳои нохуби буҳрони иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани гардиши молу маҳсулот соҳибкорони муваффақу ватандӯст ва шахсони эҳсонкору саховатпеша дар мубориза бо ин вабои ҳамагири аср фаъол буданд ва то чанде тавонистанду имкон доранд барои сиҳатии сокинони кишвар ҷаҳду талош менамоянд.

Гурӯҳҳои мухолифу сарсахт дар оғоз хостанд аз ин пандемияи фарогир ҳамчун силоҳ истифода намуда, мақсадҳои нопоки худро ҳадафмандона дар ҷомеа амалӣ созанд, вале вақт довари ҳақиқат аст. Таниши коронавирус дар ҷомеаи мо бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон алорағми ҳама бадгӯии каҷназарон дар атрофи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъанд. Метавон ҳадс зад, ки тири хоинон бори дигар хок хӯрд. Он интизориҳое, ки ба ном аҳли паймон  дар кишварҳои ғарбӣ доштанд, ҷомаи амал напӯшид. Зеро рӯи шӯразадаи хоинони миллат ва давлат дар ду дунё сиёҳ хоҳад буд ва мардуми кишвари азизамон ҳеҷ гоҳ хиёнатҳои онҳоро дар масири ватансозӣ фаромӯш нахоҳад кард.

Чун ин тавтеа кор надоду мардум аз пушти ин тӯдаи асолатбохта нарафт, мутмаинем, ки тавтеаи дигарро коркард хоҳанд кард. Гоҳе аз шахсиятҳои дар роҳи барқарорсозии сохтори конститутсионӣ қурбонгардида гилламанд мешаванду ба хотири ҳисси бадбинӣ ва нобовариро дар ҷомеа талқин кардан  бо роҳи туҳмату буҳтон рафиқони ҳамсангарро зидди ҳам мехоҳанд шӯронанд. Қатли чеҳраҳои маъруф ва саршиноси кишварро дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки падарони бехиради ин чеҳраҳои манфур роҳандозию амалӣ карда буданд, болои худ ҳамчун «туҳмат» медонанд, гарчанде, ки далелҳои муътамад ва ҳақиқати ҳол аз забони муҷримон ва шоҳидони ҳол мавҷуд аст. Ҳар як муваффақияту пешрафти миллат ва давлатро яктарафаю муғризона баҳогузорӣ ва тобиши сиёсии ба  дилашон наздик мунташир месозанд.

Агар мухолифони сиёсатҳои дигар давлатҳо дар рӯзҳои сахту тақдирсоз дар бари ҳаммеҳанон буданд, мухолифони давлати мо баръакс ба хотири манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ бо истифода аз ному минбари муқаддаси  миллат ба манфиати хоҷагони хориҷиашон пайваста кӯшиш менамоянд. Ин ҳолат бори дигар ҳушдор медиҳад, ки мо ба хотири амну осоиштагии давлат ва якпорчагии Ватани азизамон ҳамеша омода  ва ба муқобили ҷангҳои тарҳрезишудаи идеологии хоинон доиман ҷавобҳои дандоншикан дошта бошем. Зеро пешрафти давлати мо аз ҷаҳонбинии васею донишҳои замонавӣ ва андешаи дар пояи арзишҳои фарҳангӣ такмилёфта вобаста хоҳад буд.

Биноан, месазад, ки бо дастгирӣ аз мавқеи сиёсии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора дар муқобили афкори ғайру ифротгаро муборизаи беамон барем ва ба хотири зиндагии осоиштаи фарзандон ва пешрафти кишвари азизамон аз сари номуси ватандорӣ кору фаъолият намоем.

Асақолов Алиҷон,  муовини  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин                                                        

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg