БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН КАФИЛИ БЕҲДОШТИ ЗИНДАГИСТ

Н.ХУСРАВ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи кории назди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   корҳои  фаҳмондадиҳиро  оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемории  сироятии  коронавирусро    дар  байни сокинон ба  роҳ  монда  истодааст.

Чунин чорабинӣ  дар  деҳаи   Баҳори Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  бо  усули  «хона  ба хона»  баргузор  намуда, таъкид  карданд, ки қоидаҳои  беҳдоштро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  иҷро варақаҳои  тавсиявӣ ва таъкиди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлонро тақсим намуданд. Инчунин, аз ҷониби масъулин дар бораи истифодаи самараноки замин, ки кафили беҳдошти  зиндагӣ ба ҳисоб меравад, ба сокинон тавсияву маслиҳатҳои судманд дода шуд.

Бо  мақсади  расонидани  кӯмак вобаста  ба  безараргардонӣ  аз  ҳисоби  Кумитаи  иҷроия маводи  безаргардонии маҳлули хлордор ва 150  адад  ниқобҳои тиббӣ  дастраси  сокинон  намуда, манзили  зист, роҳу  кӯчаҳои  маркази  ноҳия безарар  гардонида   шуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg