БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ 16 – УМИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСИТОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои милли. Конференсияи 16 - уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг гузаронида шуд, ки дар кори он вакилон, фаъолон ва собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ даъват шуда буданд.

Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Халилзода Сафар Хоҷа кушода, баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон ҳайати раёсати кории конференсия ва котиботи онро интихоб намуданд.  Ба рӯзномаи кори конференсия   ду масъала пешбарӣ намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии № 61 – и ноҳияи Ховалинг,  пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг пешниҳод гардид ва баъди овоздиҳӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз рӯи ҳар ду масъала раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода С. Х. баромад намуда, дар асоси талаботи  моддаҳои 24 ва 25 - и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” дар ҳавзаи интихоботи № 61 аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ҷойи вакили хориҷшуда номзадии иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ховалинг Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло пешбарӣ карда шуд ва он аз ҷониби вакилон якдилона дастгирӣ ёфт.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ҳам  вакилон ба тарафдории  номзадҳои пешбаринамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия овоз дода, дар ҳавзаҳои интихоботии № 2 ба ҷойи вакилони хориҷшуда номзадии муовини якуми раиси ноҳияи Ховалинг Рауфзода Саймумин,  дар ҳавзаи интихоботии № 8 номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ва дар ҳавзаи интихоботии № 13 номзадии директори муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг Сатторова Малоҳат Сайдамировна номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг пешбарӣ карда шуданд. Дар ҷамъбаст дар вазъияти тантанавӣ  аз ҷониби  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло  ба чанд нафар  аъзои ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонон шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар дипломи ғолиби ҷойи дуюми озмуни вилоятии “Ҳизбиёни пешсафи Хатлон” супорида шуд.

Дар конференсия номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони вилояти Хатлон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло баромад намуда, ба вакилони конференсия барои дастгирии нозадиаш ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Ховалинг изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки  дар якҷоягӣ бо дигар вакилон ва аъзои ҲХДТ дар татбиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ - Самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат  барои солҳои 2020- 2025 аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода менамояд.

 

                            

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg