ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оре, замин манбаи даромад аст, ба шарте, ки аз он самаранок истифода намоянд. Бо мақсади фаҳмонидани моҳияти ҳамин масъала истифодаи самараноки замин кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ва аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроя пайваста дар байни мардум дар асоси Аксияи таблиғотии “хона ба хона” суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.
Чунин суҳбати муфид дар кӯчаи ба номи Дӯстови Ҷамоати шаҳраки Ховалинг гузаронида шуда, боздид аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон собит сохт, ки онҳо ба дарки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, аз заминҳои дар ихтиёрдоштаашон пурсамар истифода менамоянд. Инчунин, ба соҳибхонаҳо фаҳмонида шуд, ки дар заминҳои холишуда аз сабзавоту картошка ва дигар маҳсулотҳо кишти такрорӣ гузаронанд.