БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ 22- ЮМИ ҒАЙРИНАВБАТӢ НОМЗАДИ АРЗАНДА ПЕШБАРӢ КАРДА ШУД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ  Конференсияи 22- юми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид. Дар кори Конференсия аз 65 вакили интихобшуда 60 нафарашон иштирок доштанд.

Конференсия таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оғоз ёфта,  як масъала пешбарӣ намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҷониби Конференси 22- юми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №50 ба ҷойи  вакили хориҷшуда. Аз рӯи масъалаи пешниҳодшуда раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода баромад карда, номзадии Холмадов Исохон Шерхоновичро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешбарӣ кард. Номзади пешниҳошударо Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Орифзода Маҳдӣ ва раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозор Неъмат муаррифӣ намуд.

Вакилони Конференсияи 22-юми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия номзадии Холмадов Исохон Шерхоновичро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон якдилона дастгирӣ карда, Давлатҷон Ғаффорзода дар Конференсия баромад намуда, ба вакилони конференсия барои якдилона тарафдорӣ намудани номзади арзандаи ҲХДТ Холмадов Исохон изҳори сипос намуд.

Конференсия аз рӯи масъалаи пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg