БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭҲТИЁТ НАМО!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо кормандони Мактаб – интернати Кангурти Ҷамоати деҳоти Кангурт бо мақсади бархурдор намудан ва пешгирии бемории сироятии коронавирус баргузор гардид.

Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иброз  дошт, ки солимии ҷомеа солимии миллат аст, пас моро бармеояд, ки худ ва ҷомеаро аз бемории сироятии коронавирус эмин нигоҳ дорем. Инчунин, дар идома мавсуф дар бораи ҷалби сокинон ба  зироаткорӣ,  кишоварзӣ  дар  ҳар  сотиқ  замин,  инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози  сухан  намуд. 

Дар  анҷом  ба  иштирокчиён  муроҷиатномаи ҲХДТ, варақаҳои иттилоотӣ  истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ барои пешгирии бемории сироятии  коронавирус дастрас карда шуд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg