БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ НОМЗАДИ АРЗАНДАРО ПЕШБАРӢ НАМУД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ  Конференсияи XV-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид.

Дар кори Конференсия аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер,  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон Нозил,  инчунин фаъолону собиқадорони ҳизб ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбию давлатӣ  иштирок доштанд. Нахуст, Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар рӯзномаи конференсия як масъала пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии “Панҷ-54” ба нақша гирифта шуда,  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо пешниҳоди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии “Панҷ-54” пешбарӣ карда шуд. Вакилони Конференсия пешниҳоди мазкурро якдилона ҷонибдорӣ карда, лоиқу муносиб будани номзадро ба  ин мансаби олӣ, арзёбӣ намуданд.

Узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер оид ба фаъолияти меҳнатӣ  ва дастовардҳои сиёсию илмии номзад изҳори ақида намуда, ҳозиринро даъват кард, ки рӯзи интихобот фаъолияти дучанд ва масъулияти шаҳрвандӣ нишон дода, райъи худро ба номзади арзандаи ҲХДТ дареғ надоранд.

Дар охир номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии “Панҷ-54” Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода  ба сухан баромада, ҳозиринро барои  эътимоду бовариашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд ва ба вакилони Конференсия ваъда дод, ки бо меҳнати ҳалолу софдилонаи худ баҳри рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ аз донишу малака ва таҷрибаи андухтааш самаранок истифода мебарад ва агар дар интихоботи миёнадавраӣ ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят интихоб шуда, барои амалӣ шудани дархостҳои интихобкунандагон ва Барномаи пешазинтихоботии худ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад бурд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg