МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда шуда, ба иштирокчиён аз ҷониби шахсони масъул ба миқдори 53 дона маводҳои иттилоотӣ 38 дона ниқобҳои тиббӣ доир ба пешгирии бемории короновирус тақсим карда шуд.
Дар вохӯрии навбатӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Раҷабова Гулсунбӣ иштирок намуда, вобаста ба пешгирии сироятёбии бемории короновирус, инчунин самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо усусли “хона ба хона” корҳои оммафаҳмониро доир намуданд.