КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат!” давоми чанд рӯзи охир бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю хонаҳои истиқоматии шаҳри Кӯлоб Аксияи фарогир бо усули “хона ба хона” ва “аз даст ба даст” гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории ин Аксия пешгирӣ ва паҳншавии коронавируси навъи COVID-19 мебошад.
Насим Саидов мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни баргузории чорабинӣ дар маҳалаи Заринкӯҳ шаҳрвандонро хотиррасон кард, ки барои пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ талоши пайваста намоянд. Дар ҳамин замина аз ҷониби масъулини ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ наздики 350 адад варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.