
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигӣ ва вусъат бахшидани корҳои оммафаҳмонӣ, оид ба истифодаи заминҳои бекорхобидаи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.
Роҷеъ ба ин мавзӯъ масъулин қайд намуданд, ки заминро мақсаднок истифода бурда, дар он ҳар як намуди маҳсулоти кишоварзиро хушсифат парвариш карда, аз истеҳсоли пурсамари худ зиндагии худ ва наздиконро ғанӣ гардондан лозим аст.