ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара оид ба пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, дар деҳаи Данғараи Боло мулоқот доир намуданд.
Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур масъулин асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии CОVID -19 ҳарф зада, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигарӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.
Дар ин радиф, аз сокинони деҳаи номбурда даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсиро ҷиддӣ риоя намоянд. Дар рафти вохӯриҳо, ба сокинон маводҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.