БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ БО ИШТИРОКИ ВОЛОНТЁРОН ДАР БОЗОРИ МАРКАЗӢ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар Бозори марказӣ оид ба пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории сироятии коронавирус аксияи ҳизбӣ гузаронида шуд.

Зимни баргузории Аксия ба сокинон роҳҳои гузариши бемории коронавирус COVID-19 ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумот дода, аз онҳо хоҳиш карданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, риояи фосилавии муошират, бе зарурат ба кӯча набаромадан қатъиян риоя намоянд. Барои бештар маълумот пайдо намудани бемории коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg