Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани замин дар кӯчаю хонаҳои истиқоматии ноҳия бо усули “хона ба хона” корро дар ин самт пурзӯр намуда истодаанд.
Ба ҳамин хотир кормандони ҳизбӣ зимни суҳбат бо сокинон маҳал иброз доштанд, ки пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ дар ҷойҳои серодам, ҷои дарсомӯзӣ, нақлиёт, ҳаргуна чорабиниҳо аз ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра истифода бурдан лозим аст. Аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намудан лозим аст. Дастатонро бо собун ва об шӯед. Аз дастфишорӣ ва рӯйбусӣ худдорӣ кунед. Ба дараҷаи кофӣ оби ҷӯш ва ҷӯшонидашуда нӯшед. Одамоне, ки гирифтори табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар ва мушакҳо ҳастанд ба мутахассисони тиб муроҷиат намоянд. Реҷаи хонаро риоя кардани бемор ҳатмист, зеро вусъати минбаъдаи ангезандаҳоро пешгирӣ мекунад.