КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат” Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” корҳои фаҳмондадиҳро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб гузаронида истодаанд.
Чунин як Аксия дар маҳаллаи Файзободи шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд. Зимни баргузории аксияи мазкур мушоҳида карда шуд, бинобар беэътиноии волидайн аксар кӯдакон дар кӯча бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор намуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд. Ҳамчунин, ба сокинон оид ба риояи ҳатмии беҳдоштӣ, аз ҷумла дар ҷойҳои серодам бо худ ниқоб доштан, риояи масофаи байниҳамдигарӣ, риояи қоидаҳои ҳатмии шахсӣ ва дуруст истифодабарии маҳлулҳои безараргардониро ҳушдор намуда, аз онҳо даъват ба омал оварданд, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранд.