БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН МОДАР АСТ!

ВОКУНИШ. Шукргузорӣ аз фазои тинҷу осуда, оромии сарзамини биҳиштосоям - Тоҷикистон, ки рӯзҳои охир  нохалафон  бо кирдорҳои  палидонаи хеш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  бо суҳбатҳои  хоинонаи худ мехоҳанд ба вазъи орому осудаи диёри азизамон  халал ворид намоянд.

Инсоният дар тӯли ҳазорсолаҳо ба худ, ба неъматҳои моддию маънавӣ, ба забон, анъана, расму оин, одат, арзишҳои миллӣ ва маданияти худ, ба зодгоҳи худ дилбастагию муҳаббат дошт ва аз  ҳар як ноадолатию нопокиҳо онро ҳимоя намуда, ҳиссиёти баланди ватанпарвариро дар замири худ мепарварид.

Ватандӯстӣ дар ҷомеаи мо давом ва инкишофи ватанпарварии гузаштагонамон буда,  дар шароити навини ҷамъият боз ҳам такомул меёбад. Мо - занону модарони шаҳри Бохтар ба хоиноне, ки Ватан, модар, тарбия, ҳисси ватандӯстӣ надоранд, гуфтанием, ки  шумо бо чунин роҳҳои палидона ба ҳадаф нахоҳед расид. Истиқлолияти бадастовардаи миллати бо нангу ори тоҷикро  бо ниятҳои пасти худ аз байн нахоҳед бурд, чунки  мо Сарвари оқилу доно  ва дасти дуои модаронро дорему барои пешбурду пешравии  Ватани маҳбубамон сарҷамъона саҳми  беандозаи  худро мегузорем, зеро  мардуми  тоҷдори тоҷик  иттифоқ,  ҳамдилӣ,  дастҷамъӣ  ва меҳрубону  дӯстдори Ватан  ҳастем. Чи хеле ки шоир гуфтааст:

Мо ҳама якҷоягӣ шукронаи ваҳдат кунем,

Душманони тоҷиконро сахт дар ҳайрат кунем.

Гар бихоҳем то абад сарсабз бошад ин Ватан

Як дуои нек баҳри Сарвари давлат кунем.

Бо дасти дуои неки модарон  чашму ниятҳои нопоки  ифротгароён кӯру несту нобуд  бод!

Зарина Турахонова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg