Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ҷойҳои серодам, аз қабили мағозаҳо ва дигар маконҳои хариду фурӯши маводҳои ниёзи мардум баҳри солимӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ аз пандемияи короновирус суҳбатҳои фосилавӣ гузарониданд. Инчунин, дар рафти суҳбат масъулин ҷиҳати ҳифзи саломатӣ аз мутасаддиён истифодаи ниқоб ва маводҳои антисептикиро тавися доданд.