БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

COVID-19 БЕМОРИИ ХАТАРНОКИ АСР

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус дар деҳаҳои ба номи Бӯстон Сулаймонова ва Маданияти Ҷамоати деҳоти Иттифоқ мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд.

Чорабинӣ  бо сокинони деҳаҳои мазкур  бо усули “хона ба хона ” сурат гирифта, дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин амалҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус,  истифодаи самараноки заминҳои корам баррасӣ карда шуда, барои холӣ намондани заминҳо, гузаронидани кишти такрорӣ, захираи маводи ғизоии кишоварзӣ ва захираи хошок барои чорво тавсияҳо дода шуд.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқотҳо ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва варақаю навиштаҷотҳои дорои аломатҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуда, ба онҳо оид ба эмин нигоҳ доштани худ ва наздикони худ аз ин вабои аср тавсияву маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардиданд.  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg