БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЪЗОИ ҲХДТ ДАР КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ПЕШСАФАНД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади  пешгирии бемории сироятии коронавирус кормандони  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизби ноҳия   дар ҳамкорӣ  бо  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ва ҷалби ихтиёриён дар бозорҳои  марказии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Дар чорабинӣ масъулин   мардумро оид ба  амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятӣ, аз қабили тоза кардану безаррар гардонидани  хонаҳои истиқоматӣ бо маҳлулҳои безараргардонӣ,  риоя намудани гигиенаи шахсӣ, тез-тез шустани дастон бо собун ва безараргардонӣ бо маҳлулҳои антисептикӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  раҳнамоӣ  намуданд.

Ҳамчунин,  дар рафти вохӯрию мулоқотҳо ба аҳолӣ ниқобҳои тиббӣ  дастрас карда шуд. 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg