ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин бо усули "хона ба хона" дар деҳаи Ҳодиободи Ҷамоати деҳоти Қумсангир чорабинии таблиғотӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, ба сокинон таъкид намуданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ барои пешгирӣ аз ин вабо манфиатбахш буда, роҳи асосии пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ мебошад. Аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, барои пешгирӣ намудани ин беморӣ қоидаҳои гигиениро риоя намуда, худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем. Ҳамчунин, дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулин ба сокинони деҳаи болозикр варақаҳои иттилоотӣ тақсимот намуданд.