ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Сокинони деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг дар суҳбат ба кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз натиҷаи меҳнати худ, яъне парвариши маҳсулотҳои кишоварзӣ, ки дар ҳота ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон кишт намуданд ва аз ҳосили дилхоҳ дарак медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Масъулин баъди боздид аз заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон, ки дар онҳо тамоми намуди маҳсулот кишт карда шудааст, бо меҳнати аҳли ҳар хонадон барои ҳиссагузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ба ҳамаи 68 нафар иштирокдорони суҳбатҳои “хона ба хона” барои кишти такрорӣ ва аз як замин рӯёнидани ду ва зиёда ҳосил тавсияҳо доданд.