БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ӮРО БО ҲУНАРАШ МЕШИНОСАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ховалинг дар баробари табиати зебо, дилфиреб, ҳамешасабз, боғу ҷангалзор, чашмаҳои мусафо, мардуми меҳмондӯсту меҳмоннавозаш бо ҳунармандони чирадасташ шуҳрат дорад.

Чеварони ховалингиро, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳунари худро хеле сайқал додаанд,  бо маҳсули дастони мӯъҷизаофари худ дар ноҳия ва берун аз он мешиносанд ва ҳунари нотакрорашонро қадр менамоянд.

Яке аз чунин ҳунармандоне, ки аз мактаби ҳунариаш даҳҳо шогирдон истифода намуда, соҳиби касб гардидаанд, Гулистон Ҳайдарова мебошад. Апаи Гулистон ба корҳои ҳамарӯзаи рӯзғордорӣ нигоҳ накарда, ҳамарӯза дархости чандин касонро барои дӯхтани болишт, чодар  тоқӣ, дӯхтани чакан, миёнбанд, қаламарезгӣ (қуроқдӯзӣ), зардӯзӣ ва дигарҳо ба иҷро мерасонад. Дар халқ мақоле ҳаст: “Нони гандум ҳама ҷо пазандааш ҷо -ҷо”. Ба ҳамин монанд дӯзандаҳо бисёр аст, вале дӯзандае ба мисли апаи Гулистон ҷо-ҷо аст. Ба ҳамин хотир бисёри духтарони навхонадормешудагӣ, навхонадорон ва дигар корафтодагон пеш аз ҳама барои духтани чодар, таксарӣ,  зардӯзӣ, куртаҳои арӯсӣ, курпаю курпача ва бисёр дигар номгӯӣ ҳунарҳои дастӣ  ба ӯ муроҷиат менамоянд.

Касби дилхоҳаш барои Гулистон Ҳайдарова манбаи иловагии даромади оила гардидааст. Ӯ ҳар моҳе ба ҳисоби миёна аз пайи касби худ 1000 то 1500 сомонӣ даромад ба даст меорад. Апаи Гулистон мақсад дорад, ки ба ҳамаи он духтарону бонувоне, ки хоҳиши дӯзанда шуданро доранд, сири ин касбро омӯзанд  ва мактаби касбии худро таъсис диҳад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg