БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕМОРИРО АЗ ТАБОБАТАШ ДИДА, ПЕШГИРИАШ ОСОН АСТ ПАС, ЧАРО БАР ИН ГУФТАҲО АМАЛ НАМЕКУНЕМ?

АНДЕША. Ин сухани пандомӯзест, ки одамон дар зиндагии худ дидаанд ва ба дигарон (онҳое, ки фоидаашонро аз зарарашон намефаҳманд  ва ё фаҳманд ҳам ба он амал намекунанд, таъкидан гуфтаанд.

Имрӯз сокинони сайёраро бемории хавфноки коронавирус ба таҳлука андохтааст. Оид ба хавфи ин беморӣ, роҳҳои гузариш ва пешгирӣ аз паҳншавии он аз тариқи воситаҳои ахбори омма, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони Кумитаҳои  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар аъзои гурӯҳҳои таблиғотӣ  ба мардум то андозае иттило дода шудааст , ки ҳама дар бораи хавфи ба ҳаётдоштаи ин беморӣ маълумоти зарурӣ пайдо намуданд. Медонанд, ки роҳи асосии пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории коронавирус пеш аз ҳама риояи талаботҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Ҳамчунин медонанд, ки барои табобати ин беморӣ ками кам 1000 -2000 сомонӣ харҷ мегардад. Худо накунаду беморӣ ба дигар аъзои оила нагузарад,  вагарна хароҷоти табобат дучанду сечанд мешавад.  Барои пешгирии он бошад, ба ғайр аз ниқоб, ки онро дар хона ҳам тайёр кардан мумкин аст, собун ва маводҳои безараргардонӣ дигар чизе лозим нест. Пас, барои мо кадомаш беҳтару хубтар аст?   Гирифтор шудан ба беморию бо харҷи маблағи зиёд табобат намудани бемор ( боз Худо медонад, ки оқибати он ба чӣ меанҷомад) ва ё пешгирии он.

Вале аз чи бошад, ки аксаран дидаю дониста ин бемориро нодида мегиранд.  Ба шахсоне вомехӯрӣ, ки  дар баробари он ки худашон талаботҳои қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, дар кӯчаю бозор беҳуда сайру гашт менамоянд, дигаронро барои риоя намудани талаботҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятӣ тамасхӯромез мегӯянд: “Аз мурдан метарсӣ, ки даҳону биниатро бастаӣ”, Аҷалро раҳ гирифта намешавад”, ”Ҳамааш дар дасти Худост. Рӯзат, ки буд шуд, сад худатро аз беморӣ эҳтиёт намоӣ ҳам мефавтӣ”.   

Ин суханони бероҳакунанда аз забони онҳое шунида мешавад, ки сардори оилаанд. Пас  он оила оид ба пешгирии ин беморӣ дар кадом ҳолат қарор дорад, ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ нест.

Як шахси бисёр мӯътабар дар яке аз суҳбатҳояш гуфта буд: ақли баъзе одамон  дар чашмонашон аст. То ба чашм набинанд, чи қадаре фаҳмонӣ ба он аҳамият намедиҳанд. Вақте бо чашми худ  диданд, ба ин ё он кор бовар мекунанд.  Дар масъалаи пешгирии бемории коронавирус ҳам ҳаминро гуфтан мумкин аст. Ин қабил одамон вақте ба худ меоянд, ки ба он гирифтор шаванд  ва азоби дарди онро кашанд.

Дар он кишварҳое, ки мардумаш дар мубориза ба бемории Ковид – 19  ҳукуматро дастгирӣ менамоянд, яъне талаботҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя менамоянд, шиддати он – гирифторшавӣ ба ин бемориро  кам кардаанд ва баръакс дар кишварҳое, ки мардум дастуру супоришҳои ҳукуматро гӯш намекунанд, аз рӯи тавсияи мутахассисон амал наменамоянд, он дубора хуруҷ карда истодааст.

Имрӯз аз рӯи мушоҳидаҳо нисфи сокинони мамлакат дар кӯчаю бозор ва ҷойҳои серодам талаботҳои беҳдоштиро риоя намекунанд. Пас, дар ин сурат мо метавонем бемории коронавирусро дар мамлакат пурра аз байн бибарем? Ин суолест, ки баъди хондани мақола ҳар кас  худаш бояд посух диҳад.

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

          

   

       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg