
ФАРХОР. Санаи 16.07.2020 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади роҳандозии корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳоти ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба оилаҳо варақаҳои тарғиботӣ, маводҳои безараргардонӣ (антисептикӣ) ва ниқобҳои тиббӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID -19 тақсим карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаҳои мазкур диққати ҷиддӣ диҳанд ва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд, бе зарурат аз ташриф ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.