БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР ҲАМА ҲОЛАТ БО МАРДУМ АСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади  бархӯрдор  намудан  ва  пешгирии бемории сироятии коронавирус  мулоқоти  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик    бо 15 нафар сохтмончиёни варзишгоҳи ҷашнӣ дар Мактаб – интернати деҳаи Кангурти Ҷамоати деҳоти Кангурт баргузор гардид.

Зимни  мулоқот,   раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид  иброз  дошт,  ҳар як шахс дар ҳифзи саломатии худ масъул  буда,  мебояд  тибқи талаботи  тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла табибон  аз қоидаҳои беҳдоштӣ васе истифода  намоем, то ин ки худ ва дигаронро аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ муҳофизат кунем.

Дар  анҷом   ба  иштирокчиён  муроҷиатномаи ҲХДТ, варақаҳои иттилоотӣ  истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ барои  пешгирии  бемории  сироятӣ  коронавирус  дастрас карда шуд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg