БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР МАҲАЛ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҳушдор додани сокинон ҷиҳати гаштугузор дар ҷойҳои серодам бо ниқоб, риояи масофаи байниҳамдигар, риояи гигиенаи шахсӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  дар ташкилоти ибтидоии “Заринкамар” корҳои фаҳмонидадиҳиро байни сокинон тақвият бахшида, дар  ташкилоти номбурда корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Зимни мулоқот ба сокинон таъкид гардид, ки ҳоло хатари бемории сироятии коронавирус ба интиҳо нарасидааст, аз ин рӯ ҳар яки моро мебояд, қоидаҳои санитарӣ- гигиениро риоя намоем. Бо ин васила метавонем худ ва наздиконамонро аз ҳар гуна бемориҳо эҳтиёт кунем.

Дар интиҳо аз ҷониби масъулин ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ ва муроҷиатномаҳо дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg