БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИН ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самаранок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  Гулсунбӣ Раҷабова суҳбату мулоқотҳо доир карда шуд.

Дар вохӯрии навбатӣ  ба 83 нафар сокинони кӯчаи ба номи Ҷалолиддини Румии Ҷамоати  шаҳраки Муъминобод варақаҳои иттилоотӣ, ниқобҳои тиббӣ тақсим гардида, масъулин бори дигар хотиррасон намуданд, ки  заминҳои  дар ихтиёрдоштаи худро  самаронок истифода намуда, аз ҳар як ваҷаби он рӯёнидани 2-3 ҳосилро ба роҳ монда, дар ғанӣ гардонидани буҷаи оилаи худ ва некӯаҳволии мардум  саҳмгузор бошанд.

  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg