
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дошта, сокинон ҷои зисти худро бо тариқи замонавӣ таъмиру азнавсозӣ намуда, аксари корҳои ободонӣ ба тариқи ҳашар сурат гирифта истодааст.
Дар ин мавзеъ бо сокинон мулоқот доир карда шуда, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва ободу зебо гардонидани маҳалли зистро ба дарки ҳамагон расонида, ба онҳо як қатор маслиҳатҳои судманд доданд.