БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҲХДТ ДАР ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ НАЗАРРАС МЕБОШАД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати бештар ба роҳ мондани корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ кормандони Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шаҳри Левакант дар маҳаллаҳои Истиқлол ва ба номи Нусратулло  Махсум бо усули “хона ба хона” бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Масъулин дар суҳбат нисбати ба роҳ мондани корҳои ободонии гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, расидан ба қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, пешгирии бемориҳои сироятӣ, хурофоту бегонапарастӣ, бовар накардан ба овозаву дассисаҳои бардурӯғ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуда, сокинонро бори дигар ҳушдор доданд, ки нисбати ин бемории хавфнок беаҳамият набошанд ва дар зиндагии ҳаррӯзаашон  ба қоидаҳои беҳдоштӣ  риоя намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg