
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо сокини деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов бо Гулаҳмадов Аминҷон суҳбат намуда, аз гармхонаи он дидан карданд.
Масъулин аз вазъи кунунии гармхона дидан карда, ҷиҳати бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷалби дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба истифодаи самараноки замин ба масъули гармхона таъкид намуданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ташкили гармхона яке аз усулҳои самаранок истифодабарии замин буда, дар баробари истеҳсол шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар гармхона маҳсулоти ниёзи мардум парвариш ёфта, онҳо аллакай барои фурӯш омода шудаанд.