БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТИ ТОҶИК ШИКАСТНОПАЗИР АСТ

ВОКУНИШ. Дар ин давраи ҳассоси  ҳаёти  ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории  ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш  гардидем.

Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл ба мерос монда, боиси умри ҷовидона  пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забони адабии ғановатманди мо гардиданд. Маҳз бо талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон буд,ки мо имрӯз   чунин Ватани зебою обод дорем ва мо фахр аз он мекунем, ки миллати пуршарафи тоҷикем,  аммо баъзе хоиноне  ҳастанд, ки мехоҳанд оромию  осудагии  моро нотинҷ кунанд, вале ҳеҷ гоҳ  хиёнаткорон  ва хоинон ба мақсади нопоки худ намерасанд. Омӯзиши таърихи дирӯзу имрӯзи тоҷикон собит месозад, ки ҳамеша дар заиф намудану  аз миён бурдани ҳуввият ва давлатдории хоси миллӣ, дар ҳама давру замонҳо омили дингароӣ истифода шудааст. Ба амалҳои зидди миллӣ асосан, онҳое даст задаанд, ки ҳисси ватандорию миллатпарастӣ барояшон бегона буд. Дар тамоми ин давраҳои таърихӣ, онҳо аз роҳи фитнаву шӯрангезӣ, зарбаи асосиро ба сӯи равшанфикрони асили миллӣ равона месохтанд. Мақсадашон танҳо яке буд, нагузоранд, ки ин бузургон қудрати фитрию зеҳнии худро, ки ҳатто асрҳо баъд аҳли илму фарҳанги ҷаҳонро тасхир намудаанд, ба манфиату пешрафти қавму миллаташон истифода баранд. Ҳар амале, ки зидди муқаддасоти қавму миллати худ, алайҳи манфиатҳои онҳо сурат мегирад, хиёнат аст. Дар тамоми ин давраҳои таърихӣ, онҳо аз роҳи фитнаву шӯрангезӣ, зарбаи асосиро ба сӯи равшанфикрони асили миллӣ равона месохтанд, то ғояву муқаддасоти хоси тоҷикро аз мағзи фарзандони ин миллат комилан нест кунанд.

Албатта, дастовардҳое, ки мо имрӯз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаем, барои миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Пас мо набояд ба фиреби чунин ашхоси  ватанфурӯшу душмани хунине, ки дар оғӯши Ватани азизамон ба воя расидаанд,  биафтем. Хиёнаткорон ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид. Моро зарур аст, ки зиракии  сиёсиро аз даст надода,  таҳти  сиёсати сулҳҷӯёнаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамдилу ҳам даст бошем ва нагузорем, ки чунин хоинон ба Ватани ҷононҷони мо   осебе  расонанд.

Ҷумаев Алиҷон, мудири бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                                     

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg